ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маърузаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2025, Маърузаи махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи вазъи риояи ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз барои соли 2025 ва Маърузаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2025 мувофиқи моддаҳои 24 ва 327 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар
бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор пешниҳод карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Дар маърузаҳо вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷумҳурӣ ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар соли 2025 таҳлил шуда, барои таҳкиму пешрафти онҳо тавсияҳои дахлдор
пешниҳод гардидаанд. Лозим ба ёдоварист, ки соли 2009 мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва
шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон таъсис дода шуд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳар сол дар бораи фаъолияти худ ва вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза таҳия карда, онро на дертар аз моҳи феврал ба
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари дар моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» номбаршуда ирсол менамояд. АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сообщает khovar.tj
Опубликовано: 21:21, 25.02.2026
Новость из рубрики: Авто
Поделиться новостью:
21:21, 25 Фев Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлат...
21:21, 25 Фев Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври якуми муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ...