Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд

ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври якуми муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар озмун беш аз 100 нафар иштирок намуда, аз асари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ


достонҳо қироат намуданд. Дар натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамон 2 омӯзгор ва 3 донишҷӯ ба даври ноҳиявии озмун роҳхат гирифт. Ҳар донишҷӯе, ки дар даври ниҳоии озмун соҳиби ҷойи намоён мегардад, аз ҷониби коллеҷ барои ҷойи якум бо 10 000 сомонӣ ва ноутбук, барои ҷойи дуюм бо 7000 сомонӣ ва планшет ва барои ҷойи сеюм бо 5000 сомонӣ


ва телефони мобилӣ ҳавасманд карда мешавад. Омӯзгороне, ки дар омодасозии ғолибон саҳм гузоштаанд, соҳиби 5000 сомонӣ мегарданд. Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» имсол дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳадафи он арҷгузорӣ ба мероси безаволи адабии миллат ва


омӯзиши амиқи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Озмун дар байни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ доир мегардад. АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд

Сообщает khovar.tj

 

Опубликовано: 21:21, 25.02.2026

 

Новость из рубрики: Авто

 

Поделиться новостью: Поделиться новостью в Facebook Поделиться новостью в Twittere Поделиться новостью в VK Поделиться новостью в Pinterest Поделиться новостью в Reddit

 
 

Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид 21:21, 25 Фев Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маърузаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2025, Маърузаи махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бора...