Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид

ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дастгирии соҳибкорон дар ҳудуди қитъаи замини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 ба номи Абурайҳон Берунии шаҳри Ҳисор бинои иловагии таълимӣ барои 1600 хонанда сохта мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад. Бинои иловагии таълимӣ барои 1600


хонанда дар се ошёна бо 33 синфхона, китобхона, синфхонаҳо- озмоишгоҳҳои физика, кимиё, омӯзиши компютер ва утоқ барои омӯзгорон бунёд ёфта, дар соли хониши 2026-2027 ба истифода дода мешавад. Роҳбарияти шаҳр иттилоъ дод, ки дар деҳаҳои Муъминобод ва Лангари Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод сохтмони ду бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 30 ва


36 идома дорад. Иброз гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр синфхонаю утоқҳои кории муассисаҳои тозабунёдро бо ҷиҳози хониш, аз ҷумла мизу курсӣ таъмин менамояд. АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор


Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид

Сообщает khovar.tj

 

Опубликовано: 21:21, 25.02.2026

 

Новость из рубрики: Авто

 

Поделиться новостью: Поделиться новостью в Facebook Поделиться новостью в Twittere Поделиться новостью в VK Поделиться новостью в Pinterest Поделиться новостью в Reddit

 
 

Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид 21:21, 25 Фев Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маърузаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2025, Маърузаи махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бора...